01:01 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Сафари кории перзидент ба Лахш

Тағийроти кадрӣ дар якчанд ноҳияҳои Тоҷикистон

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 23-уми ноябр дар сатҳи роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Лахш, Сангвор ва Тоҷикобод тағйироти кадрӣ ба амал овард

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Мутобиқи фармони президент Зоҳирзода Умед Тоир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Лахш озод ва ба ҷойи ӯ Баротзода Файзулло Раҷаб — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Лахш таъин карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти кишвар.

Тибқи фармонҳои дигар Ҳиммати Ғайрат бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Сангвор озод карда шуда, Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор таъин гардид.

Раиси ноҳияи Тоҷикобод Ализода Ҳусейн Хоҷамир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Нодираи Маҳмадисо раиси ноҳия таъин карда шуд.

Тибқи маълумоти хадамот Зоҳирзода Умед Тоир муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Барчаспҳо:
тағийроти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ