01:01 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити об ба Будапешт рафт

© Sputnik / Алексей Даничев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар кори Саммити оби Будапешт ба Венгрия сафар кард

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Раисҷумури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои иштрок дар Саммити оби Будапешт ба Венгрия сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Дар Саммит, ки аз 28 то 30-юми ноябри соли равон баргузор мегардад, 117 давлат иштирок мекунад.

Дар ин сафар президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ҶТ Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қаблан дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилллалии  Ҳадафи шашуми рушди устувор ва "Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт" баргузор гардид, ки дар натиҷаи кори он эъломияи ниҳоӣ қабул карда шуд.

Дар рафти симпозиум масъалаҳои баландбардории сатҳи истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии манбаҳои об, ҳифзи ҳавзаҳои об ва низоми экологӣ, беҳбуд намудани ҳамкориҳои байналмиллалӣ, рушди ҳамкории мантақавӣ ва бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.

Мавзуъ

Масъалаи истифодаи об байни Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд
Олимон: нӯшидани ҳашт пиёла об дар як рӯз, метавонад инсонро ба марг дучор кунад
Барчаспҳо:
иштирок дар симпозиуми об, президент, баррасӣ, Саммити об, Эмомалӣ Раҳмон, Венгрия, Будапешт

Мавзӯъҳои асосӣ