19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Ислам Каримов, Акс аз бойгонӣ

ВАО-и Узбакистон дар арафаи интихобот ҷияни Каримовро ба ёд оварданд

© Sputnik
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ дар Узбакистон (12)
125 0 0

Чанд рӯз қабл дар саҳифаҳои нашриёти AsiaTerra дархости даъвати озод намудани журналист Каримов, ки дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ қарор дорад, пайдо шуд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар баъзе кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ то ҳол таҷрибаи таъқиби дигарандешон ва ба беморхонаи рӯҳӣ ҷой додани онҳо истифода мешавад, хабар медиҳад Muftah.org.

Сарчашма мегӯяд, ки ҷияни президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримов рӯзноманигори мустақил-Ҷамшед Каримов яке аз чунин ашхос мебошад. Каримов, ки бо ақидаҳои зидди ҳукумат ва интиқоди он машҳур буд, аз соли 2012 инҷониб таҳти назорати  духтурони бемористони касалиҳои рӯҳӣ қарор дорад.

Бори аввал Каримов баъди дастгир шудан дар соли 2006 барои таботат ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ ба муддати ним сол равон карда шуд. Баъди панҷ сол (2011) ӯ озод гардид. Вале боз баъди ду моҳ журналист ба беморхона фиристода шуд. Эҳтимол меравад, ки сабаби дубора фиристода шудани ӯ, хоҳиши нақл кардан дар бораи вазъияти таботабхона ва муносибат нисбати ӯ бошад.

Торнома қайд менамояд, ки чунин тарзи ҷазо дар Узбакистон маъмул нест.

Охирҳои моҳи ноябр дар саҳифаҳои нашриёти AsiaTerra дархост оиди озод намудани рӯзноманигори мустақил-Каримови 49-сола, ки аз ҷониби фаъолон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ ба имзо расонида шудааст, бо сабаби бад шудани вазъи саломатии ӯ,нашр карда шуд.

"Мақомоти пулис далели вафоти президенти аввалинро рӯйпӯш мекунанд, чунки ӯ озодӣ талаб хоҳад кард. Онҳо намегузоранд, ки ягон кас ин хабарро ба ӯ бигӯяд",-нақл кард, духтари Каримов ва илова намуд, ки ҳангоми аёдати ӯ дар беморхона, ҳамеша корманди пулис ҳамроҳи ӯст.

Дар Узбакистон санаи 4-декбари соли равон интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Роҳбари давлат ба муддати 5 сол интихоб мегардад. Номзади асосӣ ба мақоми президентӣ сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев-иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии Узбакистон мебошад.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ дар Узбакистон (12)
Барчаспҳо:
беморхонаи рӯҳӣ, дархости озод кардан, Ҷамшед Каримов, Ислом Каримов, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ