00:16 27 феврали 2017
Пахши мустақим
Интихобот дар Узбакистон. Акс аз бойгонӣ

Интихобот дар Узбакистон: дар қароргоҳи Мирзиёев ба ғолибияти ӯ бовар доранд

© Sputnik / Валерий Мельников
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ дар Узбакистон (12)
62 0 0

Ҳавзаҳои интихоботӣ дар Узбакистон соати 20.00-и 4-уми декабр баста шуданд. КМИ шумораи овозҳоро ҳисоб мекунад. Дар қароргоҳи Мирзиёев ба ғолибияти ӯ бовар доранд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар қароргоҳи Шавкат Мирзиёев бовар доранд, ки ӯ на кам аз 80%-и овозҳоро  ба даст меорад, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Дар ҳоли ҳозир намояндагони Комиссияи марказии интихоботӣ шумораи овозҳои ҳар як номзадро ҳисоб мекунанд. Натиҷаи ниҳоӣ 5 декабри соли 2016 соати 16:00 маълум мешавад.

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбакистон, акс аз бойгонӣ
© Фото: ЦИК Республики Узбекистан

Дар баробари ин роҳбарони ҳайатҳои назоратии Чин, Белорус, Британия, намояндагони СҲШ, ИДМ, Ассотсиатсияи намояндагии интихоботии САҲА бо гузоришҳои худ баромад хоҳанд кард.

"На кам аз 80%.  Табъи мо хуш аст, чунки мо бовар дорем. Дар ҳоли ҳозир мо бо рақам тасдиқ карда наметавонем, вале боварӣ дорем. Ҳоло назоратчиён аз дигар ноҳияҳо меоянд ва мо ҷамъ мешавем",-изҳор дошт муовини раиси ҳизби либерал демократ Мухлисахон Акрамова.

Ҳавзаҳои интихоботӣ дар Узбакистон соати 20:00 баста шуданд.  Аз рӯи ҳисобот дар кишварҳои хориҷ  87,9% (1,416млн) нафар дар интихоботи президентии Узбакистон иштирок кардаанд.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ дар Узбакистон (12)
Барчаспҳо:
шумораи овоздиҳандагон, Интихоботи президентӣ, КМИ Ӯзбакистон, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон