00:53 21 октябри 2017
Пахши мустақим
Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо сафири нави Афғонистон дар Тоҷикистон Залмай Юнусӣ. Акс аз бойгонӣ

Сироҷиддин Аслов ҳамкориҳои минтақавиро бо Залмай Юнусӣ баррасӣ кард

© Фото: МИД Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Юнусӣ нусхаҳои эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов тақдим кард

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дирӯз сафири навтаъини Афғонистон дар Тоҷикистон Залмай Юнусӣ ба Душанбе омад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корхои хориҷии ҶТ.

Манбаъ мегӯяд, ки дар рафти вохӯрӣ Сироҷиддин Аслов ва Залмай Юнусӣ масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷумла ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карданд.

"Ҷонибҳо майли мутақобилро ҷиҳати таҳкими беш аз пеши ҳамкориҳои созандаи ду кишвари ҳамҷавор дар ҳамаи заминаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъкид намуданд",-омадааст дар  иттилоия.

Ҳамчунин гуфтf мешавад, ки атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва роҳҳои фаъолтар кардани кори абзорҳои дуҷонибаи байнисоҳавӣ ва комиссияҳои ҳамкории байни вилоятҳои ҳаммарзи ду кишвар табодули назар сурат гирифт.

Мавзуъ

Раҳмон бо сарвазири Шри- Ланка бори дигар аз вазъи сиёсии Афғонистон ёдовар шуд
Барчаспҳо:
муҳокима, вохӯрӣ, Залмай Юнусӣ, Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ