00:54 21 октябри 2017
Пахши мустақим
Рустам Азимов. Акс аз бойгонӣ

Барои чӣ ҳайати Узбакистон сафари худро ба Тоҷикистон ба таъхир гузошт

Фотохост-агентство
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
131 0 0

Сафари ҳайати Узбакистон бо роҳбарии муовини сарвазири кишвар Рустам Азимов ба 27 декабр гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Коршиноси Sputnik Тоҷикистон, ки аз гуфтани номи худ худдорӣ кард, изҳор дошт, ки ба таъхир гузоштани сафари ҳайати Узбакистон ягон ҳодисаи ғайриоддӣ нест.

"Аввалаш ин, ки президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Санкт-Петербург  барои иштирок дар ҷаласаи СПАД қарор дорад ва бидуни ӯ гуфтушунидҳо намегузаранд. Дар баробари ин эҳтимолан барои ҳар ду ҷониб ҷиҳати аниқ кардани ҷузъиёти созишнома як рӯзи дигар лозим шавад",-изҳор дошт сиёсатшинос.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бояд дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳайати Узбакистон ва Тоҷикистон доир мешуд. Зимни вохӯрӣ баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ дар назар буд.

Ҳамин тавр эҳтимолан ҷонибҳо бояд созишнома оиди содда кардани низоми раводид, алоқаи нақлиётӣ ва истеҳсоли мошинҳои "Ravon"-ро ба имзо мерасониданд.

Дар бораи ин нақшаҳо аз ҷумла Алексей Бичков, роҳбари дипартаменти кишварҳои ИДМ гуфта буд. Ӯ қайд кард, ки Мирзиёев барои Узбакистон дар қиёс бо президенти собиқ муфидтар аст.

"Мирзиёев барои Узбакистон-чун Александр II барои Русия аст. Ӯ метавонад кишвари худро давлати пешқадамтарини Осиёи Марказӣ гардонад",-гуфт коршинос.

Мавзуъ

Бичков: Узбакистон ва Тоҷикистон ғайри дӯстӣ дигар роҳ надоранд
Коршинос: Трамп дар бораи Тоҷикистон ва Узбакистон дониши "базавӣ" дорад
Мендкович: ғолибияти Трамп барои Тоҷикистон ва Узбакистон манфиатовар аст
Барчаспҳо:
ба таъхир гузоштан, сафари ҳайати Узбакистон, Рустам Азимов, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ