09:08 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Нуқтаи сарҳадбонӣ дар сарҳади Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистону Чин масъалаи сарҳади давлатиро муҳокима карданд

© Sputnik / Семиряга
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
18710

Дар шаҳри Душанбе вохӯрии намояндагони вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Чин баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа қарордод оид ба сарҳади давлатӣ ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Санаи 27-29 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сарҳади давлатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазоарти хориҷии ҶТ.

Вохӯрӣ таҳти раёсати роҳбари қисми тоҷикистонии Комиссияи муштарак, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод ва намояндаи вазорати корҳои хориҷии Чин оид ба масъалаҳои сарҳад ва корҳои баҳрӣ Чжоу Сзян доир гардид.

"Дар рафти ҷаласаи Комиссияи муштарак қарордод оид ба сарҳади давлатӣ ба имзо расид",-омадааст дар хабарнома.

Манбаъ мегӯяд, ки ҷонибҳо масъалаҳои дахлдори татбиқи созишнома байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Чин оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Чинро аз 5 июни соли 2012 баррасӣ карданд.

Мавзуъ

Сулҳ дар сарҳад: ҷавонони тоҷик ва қирғиз масъалаҳои сарҳадиро ҳал мекунанд
Раҳмон: ҳифзи сарҳад беш аз ҳарвақта ҳушёриро талаб мекунад
Раққосони Русия, Чин ва ансамбли "Лола" 100 солагии Валаматзодаро ҷашн гирифтанд
Таҳлилгар: Чин монеаи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО мешавад
Қароргоҳҳои сарҳадбонӣ дар ҶТ: меваи густариши иқтисодии Чин
Барчаспҳо:
имзои қарордод, масоили сарҳадӣ, баррасӣ, ВКХ Тоҷикистон, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ