06:27 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Салоҳуддин Раббонӣ. Акс аз бойгонӣ

Мулоқоти Аслов бо Раббонӣ: аз иқтисодиёт то энергетика ва СҲШ

© Фото: Аз дафтари матбуоти ВКХ ҶТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
41 0 0

Имрӯз вазири вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо ҳамтои афғонаш Салоҳуддин Раббонӣ мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, ки дар рафти мулоқот вазирони ду кишвари ҳамсоя, масъалаҳои соҳаи иқтисодӣ ва энергетикаро мавриди баҳс қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ дар таъмини рушди босуботи Афғонистон, татбиқи тарҳҳои зерсохторӣ ва барномаҳои иқтисодию энергетикии дорои аҳамияти миллию минтақавиро зарур шумориданд.

Ҳамчунин нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масоили иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон муҳим арзёбӣ шуд.

Сироҷиддин Аслов бори дигар ҷонибдории Тоҷикистонро барои вуруди Афғонистон ба СҲШ иброз намуд.

Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории ноҳияҳо ва вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ва Афғонистон омили муҳими тақвияти равобити гуногунҷанба ва мутақобилан судманди ду кишвар мебошад.

Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои амнияти минтақа ва ҷаҳон тасдиқ намуданд.

Сироҷиддин Аслов тақвияти нақши нерӯҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар самти мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористию ифротгаро муҳим арзёбӣ кард. 

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчубаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҷонибдории худро аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар СҲШ иброз намуд.

Мавзуъ

Ҳалокати 30 кӯдак аз хунукӣ дар шимоли Афғонистон
Афғонистон: танҳо баробарию бародарӣ метавонад сулҳ биёрад
Аслов: бояд роҳҳои бехатарии долони нақлиётро дар Афғонистон таъмин кард
Барчаспҳо:
мулоқот, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Салоҳуддин Раббонӣ, Сироҷиддин Аслов, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ