09:22 28 апрели 2017
Пахши мустақим
Рустам Назарзода, акс аз бойгонӣ

Мактуби Назарзода ба Тошканд дар арафаи Наврӯз: “ташаккур барои кӯмак”

© Sputnik Махпора Киромова
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2017 дар Тоҷикистон (45)
66 0 0

Роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои кӯмаки иҷтимоӣ ба аҳолии аз тарма зарардидаи Тоҷикистон ба Узбакистон изҳори миннатдорӣ баён намуд

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Роҳбари КҲФ ҶТ Рустам Назарзода дар арафаи Наврӯз ба ҳакорони узбекаш мактуб равон карда, барои кӯмакҳои иҷтимоии кишвари ҳамсоя изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Тибқи ахбори дафтари матбуоти ВКХ ҶУ "Ба сафорати Ҷумҳурии Узбакистон дар Тоҷикистон мактуби ҷаноби Назарзода расидааст".

Дар мактуб раиси КҲФ ба ҳукумати Узбакистон ва ҳамкорони узбекаш изҳори миннатдорӣ баён намудааст.

Ғайр аз ин Назарзода ба ба КҲФ Узбакистон низ мактуб равон намуда изҳори миннатдорӣ баён намудаст. Дар мактуб қайд карда мешавад, ки мардуми тоҷик барои дастгирии ҳамсоякишвар самимона миннатдор аст.

Кӯмаки башарӣ таҳти сарпарастии як ҳайат аз Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Убекистон бо сарварии ҷонишини аввали вазир, полковник Комилҷон Орипов ба Тоҷикистон равон карда шуд.

Ҳаҷми умумии кӯмаки башарӣ наздик ба 60 тоннаро ташкил дод. Ҳайати Узбекистонро дар гузаргоҳи марзии "Дӯстӣ"  худи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Назарзода, ҷонишини директори Агнетии захираҳои модӣ Зиёдуллоев ва сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶӮ дар ҶТ Шоисломов истиқбол гирифтанд.

Сарвари Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда дар суханронии худ ба ҷониби Узбекситон барои пуштибонӣ аз аҳолии зарардидаи Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Вай ҳакориҳо миёни КҲФ Тоҷикистон ва ВҲФ Узбекистонро дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда баланд арзёбӣ кард.

Полковник Комилҷон Орипов, намояндаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон зикр намуд, ки ёрии башарӣ ба Тоҷикистон ин як намунаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни ду кишвар ва халқҳоест, ки бар пояи дӯстии анъанавӣ побарҷост.  

  Ба гуфтаи сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, ҳамсоякишвар дар оянда низ талошҳояшро барои таҳким ва рушди равобит миёни ду кишвар идома хоҳад дод.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2017 дар Тоҷикистон (45)
Барчаспҳо:
изҳори миннатдорӣ, мактуб, КҲФ, Рустам Назарзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ