14:37 29 майи 2017
Пахши мустақим
Гулгузории Владимир Путин ба ёди кушташудагон дар инфиҷор назди истгоҳи Технологический институт

Номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

© Sputnik / Михаил Климентьев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург (15)
48 0 0

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин номаи таслият ирсол кард

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар номаи таслият, ки дафтари матбуъотии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир кардааст, гуфта мешавад:

"Муҳтарам Владимир Владимирович, 

Аз хабари таркиши фоҷиабор дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербург, ки бар асари он шаҳрвандони бегуноҳ талаф ёфтанд, сахт андӯҳгин гардидам.

Бо эҳсоси андӯҳ мо ин амали мудҳишро маҳкум намуда, ҳамоҳангии кӯшишҳои худро барои аз байн бурдани хатари даҳшатбори аср — терроризм таъкид менамоем.

Аз Шумо муҳтарам Владимир Владимирович хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонед.

Ба зарардидагони ин фоҷиаи мудҳиш шифои комил орзумандем".

Мавзуҳо:
Инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург (15)

Мавзуъ

Таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург
Барчаспҳо:
таслият, инфиҷор, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ