Руҳонӣ ба Путин: ҳамалоти Амрико ба Сурия, танҳо кумак ба теруристҳо буд

© Sputnik / Sergey Guneyev  / Гузариш ба медиабонкРаисҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ дар гуфтугӯи телефунӣ бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт ки ҳамлаи Амрико ба Сурия "кумак ба теруристҳо" буд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон, Ҳасан Руҳонӣ дирӯз, 9 апрел дар тамоси телефунӣ бо Владмир Путин гуфт: "Мо ҳамлаҳои мушакии Амрико ба Сурияро маҳкум мекунем. Мо ин ҳамларо яке аз мавориди нақзи ошкори ҳокимияти як кишвари мустақил медонем, ки зарурат дорад ин иқдоми якҷониба дар Шурои амнияти Созмони милал баррасӣ ва маҳкум шавад".

Раиси давлати ҶИЭ ҳамчунин пуштибонии бархе аз кишварҳои минтақа аз ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурияро накӯҳиш кард ва гуфт: "Мо набояд иҷоза диҳем масире ки имрӯз дар мубориза бо теруризм эҷод шуда, бо ҳимояти бархе кишварҳо аз иқдоми ахири Амрико тағйир кунад".

Раисҷумҳури Русия низ ҳамлаи Амрико ба Сурияро "иқдоми таҷовузкорона" хондаву маҳкум кард: Ин иқдом напазируфтанӣ ва талоше барои ҳимоят аз теруристҳо буд".

Владимир Путин афзуд: "Ҳамлаи мушакии Вошингтун ба Сурия ба баҳонаи истифода аз ҷангафзорҳои кимиёӣ як намоишу иқдоме буд ки аз пеш барномарезӣ шуда аст".

Ёдоварӣ мекунем, ки Амрико 7 апрел ба баҳонаи корбурди силоҳи кимиёӣ аз фурӯдгоҳи низомии "аш-Шаъирот" дар Сурия, ин пойгоҳи низомиро мушакборон кард.         

Лентаи хабарҳо
0