03:58 25 сентябри 2017
Пахши мустақим
Муҳаммад Ҷавод Зариф, акс аз бойгонӣ

Сафорати Эрон дар Душанбе далели нарафтани Зариф ба Тоҷикистонро тавзеҳ дод

© Sputnik / Владимир Песня
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
197 0 0

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон хабари расонаҳоро дар бораи сафари анҷомнашудаи вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммадҷавод Зариф ба Душанбе тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Бархе аз расонаҳо интизор доштанд, ки вазири умури хориҷаи Эрон дар раванди сафари худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон низ боздид хоҳад кард, вале ин боздид сурат нагирифт.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар ин робита гуфт, сафар ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, аз ҷумла ба Тоҷикистон, дар барномаи сафарҳои вазир қарор дорад ва дар замони таъйиншуда анҷом дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки якшанбеи гузашта Муҳаммадҷавод Зариф аз Туркманистон, Қирғизистон ва Гурҷистон дидан карда буд. Бархе аз расонаҳо ин суолро матраҳ карданд, ки чаро вазири умури хориҷаи Эрон аз Тоҷикистон ҳам боздид накард.

Сухангӯи сафорати Эрон дар Душанбе ба саволи Sputnik Тоҷикистон, ки оё вазир нақша дошт ба Тоҷикистон сафар кунад, ҷавоб дод, дар ин бора вазорати умури хориҷаи Эрон изҳори назар карда ва сафорат афзун бар он гуфтание надорад.

Бояд гуфт, ки дафтари иттилоърасонии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар бораи боздиди вазири хориҷаи Эрон аз Душанбе ҳеч иттилоъе надода буд. Аз ин бармеояд, ки ниҳодҳои равобити хориҷии ду кишвар дар бораи сафари Зариф аз пеш ҳеч қароре надоштаанд.

Дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар доштанд, ки боздид аз Тоҷикистон дар нақшаи сафари анҷомшудаи вазири хориҷаи Эрон гунҷонда нашудааст.

Барчаспҳо:
сафар, Муҳаммад Ҷавод Зариф, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ