21:52 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото

Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибмансабон: ҳавосатонро ҷамъ кунед!

© Фото: Официальный сайт президента Таджикистана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
12631

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазирону вакилону масъулонро ҳушдор дод аз қонуншиканӣ шадидан парҳез кунанд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси давлат, ки дирӯз баргузор шуд, аз соҳибмансабон шадидан талаб кард муқаррароти Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро риоя кунанд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст аз рафти иҷрои қонунгузории ҷории кишвар, аз онҷумла қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва риоя нашудани муқаррароти он бавижа аз сӯи соҳибмансабон нигаронӣ кард.

Вай таъкид кард, ки қонуншиканон аксаран соҳибмансабон, аъзои ҳукумат, вакилони маҷлиси намояндагон ва хидматгузорони давлатӣ ва фарзандону наздикони онҳо ҳастанд, ки худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, муқаррароти қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва монеъ аз рафтани фарзандонашон ба муассисаҳои таълимӣ бо худравҳои гаронарзиш намешаванд.

Раисҷумҳур аз соҳибмансабон иҷрои бечунчарои қонунҳои ҷории кишварро талаб кард. Вай таъкид кард, ки аз ин пас агар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хидматгузорони давлатӣ қонуншиканӣ кунанд, аз симатҳову масъулиятҳо барканор шуда ва фарзандону пайвандону хешовандони наздикашон аз донишгоҳҳову идораҳо ихроҷ карда хоҳанд шуд.

Мавзуъ

Номаи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Куреи Ҷанубӣ
“Ба манфиати мардум”: умеди Э. Раҳмон аз рушди ҳамкориҳо бо Муғулистон
Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Украина барқияи табрикотӣ ирсол кард
Барчаспҳо:
соҳибмансабон, қонуншиканӣ, ҳушдор, Маҷлис, Ҳукумати ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ