15:53 26 июли 2017
Пахши мустақим
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Ноҳор бо Трамп ва дидор бо Мирзиёев: Раҳмон ба Арабистони Саудӣ меравад

© Sputnik / Алексей Даничев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
29211

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои мусулмонӣ бо ҳузури раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп ширкат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 19 мая — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдулазиз Ассауд ба пойтахти мамлакат Арриёз меравад, ки он ҷо нишасти сарони кишварҳои арабиву мусулмонӣ ва ИМА баргузор хоҳад шуд.

Кишвардори Тоҷикистон дар нақша дорад, ки бо чанде аз ҳамтоёнаш мулоқоти дуҷониба баргузор кунад.  Интизор меравад, ки дар ҳошияи ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев низ мулоқот кунад.

Дар ин нишаст раҳбарони Амрикову Афғонистон, нахуствазири Покистон ва сарони чанд кишвари арабӣ ширкат хоҳанд кард. Дар кулл дар ин нишаст намояндагон аз 50 кишвар ҳузур хоҳанд дошт.

Дар назар аст, ки раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ҳангоми ноҳор бо сарони кишварҳои ширкаткунанда суҳбат кунад.

Трамп эълон дошта буд, ки дар рафти аввалин сафари кории худ ба хориҷ аз сарони кишварҳои исломӣ даъват мекунад, ки бо ифротгароӣ мубориза баранд.

"Бо сарони кишварҳои исломӣ суҳбат карда, аз онҳо даъват хоҳам кард то бо исломи радикалӣ, теруризм ва  ифротгароӣ мубориза баранд ва мегӯям, ки ислом дини сулҳ аст", — гуфта буд Доналд Трамп.

Сафар ба подшоҳии Арабистони Саудӣ нахустин сафари кории Доналд Трамп ба кишвари хориҷа хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
нишасти сарони кишварҳои исломӣ, хориҷа, сафар, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ