21:57 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Уфа, акс аз бойгони

Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ рафт

Фотохост-агентство
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
26940

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кишвардори Тоҷикистонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, Шукурҷон Зуҳуров, Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нахустин Нишасти сарони кишварҳои мусулмоннишин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар кард.

Бино ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раисҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, нахуствазир, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисумҳур ва дигар масъулини баландпоя гусел карданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷа, ёварони раисҷумҳур дар умури равобити хориҷӣ, рушди иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва дигар масъулин ҳамроҳӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
саммит, гусел, сафар, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ