Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон сафар кард

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкЭмомали Рахмон, архивное фото
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон м Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон сафар кард

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имрӯз Эмамалӣ Раҳмон ба Арманистон сафар кард.

Тибқи гузориши манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раисҷумҳурро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар кишвардори Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, вазирони рушди иқтисод, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Прокурори генералӣ, Президенти Академияи илмҳо, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сардори Хадамоти алоқа ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0