20:19 17 августи 2017
Пахши мустақим
Зиндон. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон шаҳрвандони маҳкумашро аз Чин бозпас мегирад

© Sputnik / Шлей
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
4421

Сафири Тоҷикистон дар Пекин дар дидор бо муовини вазири умури хориҷаи Чин масъалаи бозпас гардонидани тоҷикони маҳкумро ҳалл кард

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати корҳои хориҷаи ҶТ, сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ва муовини вазири хориҷаи Чин Лю Ҷэнмин Қарордоди бозпас додани шаҳрвадони маҳкумро тасвиб карданд.

Тибқи маълумоти манбаъ, ин қарордод 30 рӯз пас аз табодули тасвибномаҳо, яъне 19 июли соли 2017 дорои эътибори қонунӣ хоҳад шуд.

Парвиз Давлатзода ва Лю Ҷэнмин бо имзо кардани ин тасвибнома Тавофуқномаи Тоҷикистону Чин барои бозпас додани базаҳкоронро ба марҳилаи иҷро расонданд.

Ин Тавофуқнома 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд.

Мавзуъ

Мулоқоти Раҳмон бо Си Ҷинпин: кишвардори Тоҷикистон ба Чин даъват шуд
Рӯ ба Чин овардани тоҷикҷавон аз баҳри чист?
Заминларза дар Чин ҷони ҳашт тоҷикро гирифт
Барчаспҳо:
бозпас гардонидани маҳкумшудагон, Чин Лю Ҷэнмин, Парвиз Давлатзода, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ