Муовини вазири 23-сола: "ҳатман умеди Мирзиёевро бароварда месозам"

© Sputnik / Илья ПиталевМужчина с портфелем в руках
Мужчина с портфелем в руках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини вазири маорифи Узбакистон Алишер Саъдуллоев қасд дорад нахуст таҳсили то мактабиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ монад

ДУШАНБЕ, 4 июл  - Sputnik. Муовини ҷадиди вазири маориф ва халқи Узбакистон, Алишери 23-сола, таъиноти худро шарҳ дода, гуфтааст, ки дар ояндаи наздик ба чӣ корҳо машғул хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, бо имзои як қарор, Алишер Саъдуллоевро муовини вазири мавориф ва халқ таъин кард.

Тибқи маълумоти расонаҳо, ҳафтаи оянда Алишер 23-сола хоҳад шуд. Ӯ фориғултаҳсили  филиали донишгоҳи Сингапур дар шаҳри Тошканд буда, то таъин шудан ба симмати муовинӣ ба ҳайси раҳбари дабистон фаъолият кардааст.

Портфель - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур ҷавони 23-соларо муовини вазири маориф таъин кард

Намояндаи дастгоҳи раисҷумҳури Узбакистон хабар додааст, ки қарори ба вазифаи муовинӣ таъин шудани ҷавони 23-сола, пас аз суханронии ӯ дар маҷлиси созмони "Камолот" қабул шудааст.

"Саъдуллоев бо пешниҳоди ислоҳоти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои миёна баромад кард. Пасон Мирзиёев қарори ба вазифаи муовини вазири маорифи халқ таъин карданашро баровард", — илова кард мусоҳиб.

Алишер Саъдулллоев нахуст мехоҳад, таҳсили то мактабиро ба сатҳи ҷаҳонӣ баробар кунад.

"Панҷ милюн ҷавонон таҳти раёсати Вазорати маорифи халқ ҳастанд. Аз онҳо 1 милюн мактабхон ва 4 милюн муҳассилини то мактабӣ мебошанд", — изҳор дошт ӯ.

Ва тарбияту омӯзиш бояд аз даврони худрсолӣ аз кӯдакистон оғоз шавад. Ӯ ба сатҳи ҷаҳонӣ баробар кардани омӯзиши то мактабиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад.

"Ман ҳатман умеди раисҷумҳурамонро бароварда месозам. Ва пас аз чанд сол на яку ду нафар, балки даҳҳо ҷавон ба пеш қадам хоҳанд ниҳод", — изҳор дошт Саъдуллоев.

Созмони ҷавонони "Камолот" дар ин ҷаласа номи худро иваз карда, акнун "Иттиҳоди ҷавонони Узбакистон" ном гирифт. Мирзиёев дар рафти ин ҷаласа аз ҷавонон даъват кард, то пешниҳод ва нигоҳи ҷадиди худро барои рушди соҳаҳои гуногун баён кунанд.

Бо пешниҳоди Шавкат Мирзиёев, рӯзи 30 июн Рӯзи ҷавонони Узбакистон эълом шуд.

Лентаи хабарҳо
0