17:04 21 ноябри 2017
Пахши мустақим
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ: раиси додгоҳи ВМКБ аз вазифа озод шуд

© Sputnik / Алексей Никольский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
182401

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармоне раиси додгоҳи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз вазифа озод кард

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо фармоне Раҳмон Соқизодаро аз раёсати додгоҳи додгоҳи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод кард.

Раиси додгоҳи ВМКБ бо далели расидан ба синни бознишастагӣ аз вазифа озод карда шудааст.

Ҳамчунин ба ҳамин далел Мошариф Раҳмонзода аз симати муовини аввали раиси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бознишаста шудааст.

Раисҷумҳур ҳамчунин Исмоил Мирмахсумиён, раиси додгоҳи ноҳияи Рӯдакиро барои "риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо" аз вазифа барканор карда кардааст.

Пештар, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар дидор бо фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон ва муҳокимаи масъалаи риояи қонуни танзим ва ҷашну маросимҳо, ба масъулин супориш додааст, ки дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро дар масъалаи аз вазифаҳои ишғолкарда озод намудани раисони саҳлангор, ки талаботи қонунрро риоя намекунанд, пешниҳод намоянд.

Мавзӯъҳои асосӣ