05:41 21 августи 2017
Пахши мустақим
Флаг Ирана, архивное фото

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон: мавзеъамонро ба зудӣ эълом хоҳем кард

© Sputnik /
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
28811

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба зудӣ мавзеъашро дар вокуниш ба намоиши филми Вазорати умури дохилаи ҶТ эълом хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Сафорати Эрон дар Душанбе ба зудӣ мавзеъашро дар вокуниш ба иттиҳомоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бар Ҷумҳурии Исломӣ эълом хоҳад кард. 

Як корманди сафорати Эрон имрӯз ба хабаргузории Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки "сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба зудӣ мавзъеашро нисбат ба ин иттиҳомот аз тариқи расонаҳо эълом хоҳад кард".

Ёдоварӣ мекунем, ки Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дирӯз шом бо намоиши филме Эронро муттаҳам ба пуштибонии моливу низомӣ аз куштори бархе аз чеҳраҳои сиёсиву илмиву фарҳангиву расонаии Тоҷикистон ва афсарони пойгоҳи низомии Русия дар солҳои 1990-ум карда буд.

Маркази матбуъотии ВУД ҶТ дар ин филм аз боздошти се тан аз аъзои "гурӯҳи ҷиноятпешаи махсусан хатарнок" ба раҳбарии Абдуқодир Абдуллоев маъруф ба Рустами Норакӣ хабар дод. Тағоймурод Ашрапов маъруф ба Алӣ ва Саймуҳриддин Қудратов маъруф ба Авлиё ва Эшонро низ аз аъзои ин гурӯҳ муъаррифӣ шудаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки бо дастгир кардани ин гурӯҳ омилони қатли бархе аз чеҳраҳои сиёсиву фарҳангии тоҷик, аз ҷумла Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Муҳаммад Осимӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Раҳимзод Афардӣ, Карим Юлдошев, муфтӣ Фатҳуллохон ва низомиёни пойгоҳи 201 Русияро ошкор кардааст.

ВУД ҶТ дар ин филм иддиъо кардааст, ки ин кушторҳо бо пуштибонии моливу низомии Эрон ва ба дастури муъовини пешини вазири дифоъи ҶТ Абдуҳалим Назаров анҷом дода шудаанд.

Ин боздоштшудагон пушмаймонӣ кардаанд, ки "иштибоҳан узви ҲНИТ шудаанд, чун намедонистанд ин ҳизб як созмони теруристӣ буда, аз тарафи Эрон сармоягузорӣ мешуд".

Мавзуъ

Тоҷикистон Эронро муттаҳам ба пуштибонии моливу низомӣ аз кушторҳои сиёсии солҳои 1990-ум кард
Нишасти Кумисюни муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад
Эрон барои пажӯҳиши Осиёи Марказӣ ва Афғонистон муъассисаи "Эрони Шарқӣ" бунёд кард
Ҷумҳурии Исломии Эрон ройзаниҳояшро дар шаҳри Хуҷанд баст
Барчаспҳо:
пуштибонӣ аз теруризм, ҲНИТ, иттиҳом, вокуниш, Сафорати ҶИЭ дар ҶТ, Тоҷикистон-Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ