Раисҷумҳури Эфиопия: саломамро ба Эмомалӣ Раҳмон расонед

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Эфиопия ба мардум ва кишвари Тоҷикистон орзуи сулҳи пойдор карда, хоҳиш намудааст, ки дуруду паёми ӯ ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонида шавад

ДУШАНБЕ, 13 авг-Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати умури дохилаи ҶТ, раиси Ҷумҳурии Эфиопия Мулату Тешоме рӯзи 9 август дар Кохи миллат дар Аддис-Абеба эътиборномаи сафири  Тоҷикистон Хусрав Нозириро қабул кард.

Дар суҳбате, ки пас аз поёни маросими супоридани эътиборнома сурат гирифт, роҳбари давлати Эфиопия изҳори умедворӣ намуд, ки таъйин гардидани нахустин сафири тоҷик дар кишвари ӯ ба густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эфиопия мусоидат кунад.

Хусрав Нозирӣ бо диплумотҳои эфиопӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон сафирашро дар Эфиопия таъйин кард
 

Бо ишора ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, раисҷумҳури Эфиопия ба аҳаммияти ҳамкории ду давлат дар ин замина дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.

Дар поёни суҳбат раисҷумҳури Эфиопия ба мардум ва кишвари Тоҷикистон орзуи сулҳи пойдор ва пешрафту шукуфоии бештар карда, хоҳиш намуд, ки дуруду паёми ӯ ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонида шавад.

© Фото : Аз равобити умумии ВКХ ҶТСупоридани эътимодномаи сафири тоҷик ба раисҷумҳури Эфиопия
Супоридани эътимодномаи сафири тоҷик ба раисҷумҳури Эфиопия - Sputnik Тоҷикистон
Супоридани эътимодномаи сафири тоҷик ба раисҷумҳури Эфиопия

 

 

Лентаи хабарҳо
0