23:50 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп

Трамп Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол табрик кард

© Фото: Официальная страница президента РТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
9-уми сентябр- рӯзи Истиқлол: 26 соли мустақилияти Тоҷикистон (18)
27 0 0

Собиқ сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард мактуби табрикотии Доналд Трампро ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба 26 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон 28 август тақдим намуд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Доналд Трамп тариқи номае Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол табрик кард.

Ба гузориши равобити умумии сафорати Амрико дар Тоҷикистон, дар номаи табрикотии Трамп аз ҷумла омадааст:

"Муҳтарам ҷаноби Президент! Табрикоти самимии маро ба шарофати таҷлили Рӯзи истиқлолияти  Чумҳурии Тоҷикистон, ки  9-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, бипазиред.

Иёлоти Муттаҳида яке аз аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро соли 1991 эътироф намуд, ва мо Истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро собитқадамона дастгирӣ менамоем.

"Дар арафаи 26-умин ҷашнвораи Истиқлолияти давлатӣ, мо интизори шарикии бардавом ва ҳамкории судманд мебошем, ки ба манфиати ҳар ду давлат ва минтақа равона шудааст.  Ман беҳтарин таманниёти худро ба мардуми Тоҷикистон дар ин рӯз изҳор менамоя", — омадааст дар нома.

Мавзуҳо:
9-уми сентябр- рӯзи Истиқлол: 26 соли мустақилияти Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
табрикот, Доналд Трамп, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ