Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон чанд додрасро аз симат барканор кард

© Сайт президента РТЭмомали Рахмон, архивное фото
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз чанд додрасро аз симат барканор ва намояндаи доими кишвар дар Созмони амнияту ҳамкории Урупоро таъйин кард

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, Сафармо Имомзода бо фармони раисҷумҳур аз симати раиси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе озод шудааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: сафирҳои ҶТ дар Австрия, Қатар ва Озарбойҷон иваз шуданд

Далели барканории вай "расидан ба синни ниҳоӣ дар вазифаи судя" гуфта шудааст. Раисҷумҳур ба ҳамин далел ҳамчунин Мамлакат Очилзодаро аз мақоми додраси Додгоҳи вилояти Суғд озод кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Азим Машрабзодаро бо дархости худаш аз симати муовини раиси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон озод кардааст.

Дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур ҳамчунин хабар дода, ки Эмомалӣ Раҳмон бо фармоне сафири фавқулодаву мухтори Тоҷикистон дар Австрия Идибек Қаландарро ҳамзамон намояндаи доими ҶТ дар Созмони амнияту ҳамкории Урупо ва дигар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена таъйин кардааст.

Лентаи хабарҳо
0