Сафорати Тоҷикистон дарҳояшро ба рӯи мардуми Чин боз кард

© Фото : Аз равобити умумии ВУХ ҶТРӯзи дарҳои кушод дар Чин
Рӯзи дарҳои кушод дар Чин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони Тоҷикистон дар Чин ба кӯдакони чинӣ дар бораи таъриху фарҳанги мардуми тоҷик, забони давлатӣ, мавзеъҳои ҷолиби диққати кишвар ва муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ байни Тоҷикистон ва Чин нақл карданд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ, дирӯз  ба муносибати  Рӯзи забони давлатӣ сафорати Тоҷикистон дар Чин барои хонандагони синфҳои поёнии мактабҳои шаҳри Пекин рӯзи дарҳои кушод ташкил кард.

"Дар рафти чорабинӣ ба меҳмонон маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ пешкаш гардида, дар бораи таъриху фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик, забони давлатӣ, мавзеъҳои ҷолиби диққати кишвар ва муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ байни Тоҷикистон ва Чин маълумот дода шуд", — омадааст дар хабарнома.

Дар навбати худ хонандагони хурдсол хондани суруд ва иҷрои порчае аз санъати ҷангии чинии Кунг-фуро намоиш доданд.

Пас аз анҷоми барнома дипломатҳои тоҷик ба мактаббачагон ва устодони онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Ёдоварӣ мекунем, ки имрӯзҳо дар макотиби олии Чин чандин донишҷӯёни тоҷик таҳсили илм мекунанд.

Парвина Бандишоева - Sputnik Тоҷикистон
Парвина Бандишоева: донишҷӯӣ дар Чин осон нест

Парвина Бандишоева донишҷӯи тоҷик, ки имсол Донишгоҳи Ухани Чинро хатм кард дар бораи таҳсил дар Чин дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ягона мушкиле, ки донишҷӯёни тоҷик ва натанҳо онҳо дар Чин дучор мешаванд, ин навиштани поённома ё кори дипломӣ аст.

"Ягона чизе, ки маро дар Чин дилшикаста кард, ин муносибати устодони роҳнамо, ҳангоми навиштани поённома буд. Муттассифона роҳбарон ба донишҷӯёни худ таваҷҷуҳе надоранд ва дар рафти кор масъулиятеро ҳам эҳсос намекунанд", — гуфт бо таассуф Парвина.

Раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябр аз шаҳри Далян боздид карда бо Котиби Кумитаи ҳизбии музофоти Ляонини Чин Ли Си мулоқот кард. Дар ин дидиор ҷонибҳо масъалаи рушди муносиботро дар соҳаи маорифу илм баррасӣ карда буданд.

"Ҷонибҳо ба  роҳ мондани робитаи мустақими байни муассисаҳои олии таълимӣ ва тарбияи мутахассисони ботаҷриба дар муассисаҳои олии таълимии Ляонин барои Тоҷикистон ва сайёҳиро аз бахшҳои муҳим ва манфиатбори ҳамкориҳо маънидод намуданд".

Лентаи хабарҳо
0