01:27 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Бахтиер Хакимов. Архивное фото

ВКХ Русия: Эрон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой хоҳад пайваст

Фотохост ШОС
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
18910

Вазорати умури хориҷаи Русия эълом карда, ки пайвастани Эрон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой дар дастури кори ин созмон қарор дорад ва афзоиши аъзои ин созмон раванде табиист

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Пайвастани Эрон ба Созмони ҳамкории Шонгоҳой дар дастури кори ин созмон боқӣ мемонад, гуфт Бахтиёр Ҳакимов, мудири Дафтари ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиё ва Уқёнусия дар Вазорати умури хориҷаи Русия.

"Ин масъала дар дастури кори созмон қарор дорад ва ҳама медонанд, ки бояд дар ин маврид тасмимгирӣ шавад", — гуфт ин намояндаи вижаи раисҷумҳур дар умури Созмони ҳамкории Шонгҳой.

Вай афзуд, ки нахустин иқдом барои афзудани ҳамвандони ин созмон сурат гирифта ва ин раванд идома хоҳад ёфт ва пазириши Ҳинду Покистон ба маънии баста шудани дарҳои ин созмон ба рӯи дигар кишварҳо нест.

Эрон, ки аз соли 2005 ҳамчун нозир бо Созмони Шонгҳой ҳамкорӣ дорад, дархости худро барои пайвастан ба ин созмон дар соли 2008 дода буд. Бо бардоштани таҳримҳои Шурои амнияти Созмони милал аз Эрон, монеъаҳои аслии пайвастани ин кишвар ба Созмони ҳамкории Шонгҳой низ бардошта шуд.

Аммо чанде пеш Тоҷикистон бо пайвастани Эрон ба ин созмон мухолифат карда буд. Коршиносони масоили Ховари Наздику Миёна иллати ин мухолифатро сард шудани равобити Тоҷикистону Эрон гуфтанд, вале таъкид карданд, ки Душанбе наметавонад дари ин созмонро ба рӯи Теҳрон бибандад. 

Чунончи, Фарзод Рамазонии Буниш, коршиноси мустақил ва таҳлилгари масоили Ховари Миёна, дар ин бора гуфта буд: "Ҳарчанд Тоҷикистон як кишвари соҳибраъй дар он созмон аст, аммо Чину Русия ҳамчун ду вазнаи аслӣ ва муҳимми ин созмон, агар ба гунаи сад дарсадӣ пуштибони ҳузури Эрон дар СҲШ бошанд, метавонанд аҳрумҳо ва абзорҳое барои тағйири назари Тоҷикистон дар хусуси вуруди Эрон истифода кунанд".

Вай ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки "гарчи дар чанд соли гузашта аз мухолифатҳои Тоҷикистон дар ин бора бисёр шунидаем, вале бояд бидонем, ки дар гузашта ин кишвар яке аз пуштибонони аслии пайвастани Эрон ба СҲШ буд".

Мавзуъ

Иттиҳоди бозор ва пайкор бо теруризм: дастоварди нишасти Созмони ҳамкории Шонгҳой
Созмони ҳамкории Шонгҳой Ҳинду Покистонро ҳам дар бар гирифт
Расонаҳо: Тоҷикистон намехоҳад Эрон ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бипайвандад
Сергей Лавров: акнун Эрон низ метавонад ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бипайвандад
Сарони ВУХ кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Остона нишаст доранд
Ҳамкориҳои амниятии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой баррасӣ мешаванд
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Эрон, Созмони ҳамкории Шонгҳой, Вазорати умури хориҷаи Русия, Бахтиёр Ҳакимов, Русия-Эрон-Тоҷикистон-Созмони ҳамкории Шонгҳой

Мавзӯъҳои асосӣ