23:41 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Зам. МИДа РТ Махмадшарифа Хакдода и Статс-секретарь – Зам. МИДа РФ Григорий Карасин

Вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Русия ройзанӣ баргузор карданд

© Фото: МИД РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
39 0 0

Муовинҳои вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Русия дар бораи масоили муҳими ҳамкориҳои ду кишвар ройзанӣ карданд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Муовини вазири умури хориҷии ҶТ Муҳаммадшариф Ҳaқдод ва ҳамтои русияш Григорий Карасин дирӯз дар Маскав дидор ва ройзанӣ карданд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии ВУХ Русия, дар ин ройзанӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда ва ҳамчунин дар бораи вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт.

Муҳаммадшариф Ҳақдод ва Григорий Карасин ҷадвали ройзаниҳо ва барномаҳои омӯзишӣ ва фарҳангии ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишварро ҳамоҳанг карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин масоили иртибототи минтақаӣ ва беҳбуди равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд.

 

Мавзуъ

ВУХ: Робитаҳои динии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд
Иқтисод ва маориф: дидори сафири тоҷик бо дабири кулли ВУХ Малайзия
ВУХ Русия: размоиши ИМА ва ҶТ суботу амният дар минтақаро устувортар мекунад
Барчаспҳо:
ройзанӣ, ВУХ Русия, ВУХ ҶТ, Муҳаммадшариф Ҳaқдод, Григорий Карасин, тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ