20:17 14 декабри 2017
Пахши мустақим
Министр иностранных дел Республики Таджикистан принял участие в очередном заседании Совета министров иностранных дел Содружества Независимых Государств в г. Сочи

Нишасти Шурои вазирони умури хориҷии ИДМ дар Сочӣ баргузор шуд

© Фото: Информационная служба МИД РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
8000

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони умури хориҷии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар шаҳри Сочӣ ширкат кард

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии ҶТ, дар ин нишаст ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву башарӣ дар чорчӯби Иттиҳод баррасӣ шуданд.

Вазирони умури хориҷии ИДМ ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар чорчӯби Иттиҳодро муфассал воковӣ ва баррасӣ кардаанд.

"Аз ҷумла,  масъалаҳои марбут ба дастгирии ниҳоди хонавода ва арзишҳои суннатии хонадонӣ, такмили фаъолияти ИДМ ва мутобиқсозии он ба воқеиятҳои рӯз, таъйини ниҳодҳои масъули кишварҳои аъзои ИДМ барои омодасозӣ ва донишафзоии коршиносон дар риштаҳои гуногун ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд", — гуфта мешавад дар гузориш.

Дар поёни ин нишаст дар ҳама мавзуъҳои баррасишуда қарорҳои лозим тасвиб шудаанд.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Сочӣ дидору гуфтугӯ доранд
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти Сарони кишварҳои ҳамсуд ба Сочӣ рафт
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Сочӣ дидор мекунанд
Барчаспҳо:
кишварҳои ҳамсуд, Шурои вазирони умури хориҷии ИДМ, ВУХ ҶТ, Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон-ИДМ

Мавзӯъҳои асосӣ