01:46 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Остона. Акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳур вазири энергетикаро танбеҳ дод

© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
376 0 0

Пештар хабар дода шуд, ки шаҳрвандони Қазоқистон дар хариди сӯзишвории навъи Аи-92 ба мушкилот дучор шудаву, он фақат дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба фурӯш бароварда шудааст

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба вазири энергетика Қанот Бозумбоев дар бастагӣ душвор шудани дастрасии шаҳрвандон ба сӯзишворӣ, танбеҳ додааст.

"Бо қарори раисҷумҳур дар асоси пешниҳоди нахуствазири Ҷумҳурии Қазоқистон барои ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш  вазири энержии Ҷумҳурии Қазоқистон Қанот Бозумбоев танбеҳ дода мешавад", — омадааст дар хабарномаи хадамоти матуботии раисҷумҳури Қазоқистон.

Пештар Spunik Қазоқистон хабар дод, ки шаҳрвандони Қазоқистон дар хариди сӯзишвории навъи Аи-92 ба мушкилот дучор шудаву, он фақат дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба фурӯш бароварда шудааст.

Дар нуқтаҳои дигари фурӯши сӯзишворӣ ин навъ кам буда мардум онро фақат бо навбати электронӣ ва картаҳои вижаи сӯзишворӣ харидорӣ мекарданд.

Барчаспҳо:
танбеҳ, Қанот Бозумбоев, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ