12:59 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Муборак шавад: Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистонро шодбош гуфт

© Фото: Пресс служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
114 0 0

Дар робита ба интихоб гардидаданатон ба мансаби олии раисҷумҳуи Қирғизистон бо изҳори хушнудӣ ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам, гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомкалӣ Раҳмон бо ирсоли барқияи табрикотие раисҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбековро муборакбод гуфтааст.

Дар робита ба интихоб гардидаданатон ба мансаби олии раисҷумҳуи Қирғизистон бо изҳори хушнудӣ ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам, омадаст дар табрикоти кишвардори Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, 15-уми октябр дар Қирғизистон маъракаи интихоботӣ  раиси ҷумҳури кишвар баргузор гардид, ки дар он собиқ сарвазири Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков бештари овозҳои интихобкунандагонро ба даст овард.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои нави худ изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав мебаророанд.

"Ба Шумо, муҳтарам Сооронбой Шарипович, сиҳатии комил ва дастовардҳои навин ва ба Қирғизистони дӯст сулҳу субот ва пешрафт орзумандам",- омадаст дар анҷоми мактуби раисҷумҳури Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
раисҷумҳур, табрикот, интихобот, Сооронбой Жээнбеков, Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ