Шавкат Мирзиёев: омодаем равобит бо Тоҷикистонро дар ҳама заминаҳо густариш диҳем

© Фото : Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳурЭмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев дар паёме 25-умин солгарди роҳандозии равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистонро ба Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар паёме, ки Сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон онро мунташир кардааст, гуфта мешавад:

Аз номи мардуми Узбакистон ва шахсан аз номи худам, Шуморо ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро ба муносибати санаи муҳими таърихӣ — 25-умин солгарди барпо кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон табрик мегӯям.

Бо қаноатмандӣ мехоҳам таъкид, кунам, ки дар ин муддати кӯтоҳ мо тавонистем муносибатҳои хуби ҳамаҷониба миёни Тоҷикистон ва Узбакистон барқарор кунем.

Имрӯзҳо ҳаҷми гардиши коло миёни Тоҷикистон ва Узбакистон афзоиш меёбад ва миқёси ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод густариш меёбад. Намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратии муштарак, ки ба барқарорсозии робитаҳои дарозмуддати шарикии корхонаҳои пешсаф ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар мусоидат карданд, муваффақона гузаронида шуданд.

Махсус таъкид мекунам, ки Узбакистон омода аст, ҳамкориҳои ду кишварро дар ҳамаи заминаҳо густариш бидиҳад ва кайфияти равобити дуҷонибаро беҳбуд бахшида, муҳтавои онро амалитар кунад.

Боварӣ дорам, ки ҳамкориҳои Узбакистон ва Тоҷикистон бар асоси Паймони дӯстии ҷовидон миёни ҶУ ва ҶТ беш аз пеш ба суди мардумони ду кишвар ва суботу амният ва рушди пойдор дар минтақа густурдаву устувортар хоҳанд шуд.

Аз сидқи дил ба Шумо,  Эмомалӣ Шариповичи азиз тандурустӣ, нерӯмандӣ,  ва дар фаъолияти пурмасъулияти кишвардориатон комёбиҳо хоҳонам ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу рифоҳ ва шукуфоӣ орзумандам.

Лентаи хабарҳо
0