Танбеҳи раисҷумҳур ба раисони вилоятҳо ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ

© Flickr \ ramon77Город Ташекент, Узбекистан, архивное фото
Город Ташекент, Узбекистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Санҷишҳо се камбудии аслиро муайян кард: вайрон кардани қоидаҳои шаҳрсозӣ, сифати пасти корҳои барқгузаронӣ ва сохтмонӣ ва инҳироф аз тарҳи тасвибшуда

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар Узбакистон дар иҷрои нақшаҳои сохтмони хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ камбудиҳои зиёде муайян шудааст.

Дар ин бора хабарнигори Sputnik Узбакистон хабар медиҳад.

Монумент Астана-Байтерек в центре Астаны (Казахстан), архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур вазири энергетикаро танбеҳ дод

Санҷишҳои баргузоршуда се камбудии аслиро муайян кард: вайрон кардани қоидаҳои шаҳрсозӣ, сифати пасти корҳои барқгузаронӣ ва сохтмонӣ ва инҳироф аз тарҳи тасвибшуда.

Дар баробари ин корҳои сохтмонии шабакаҳои берунӣ, иншооти инфрасохторӣ ва ободонии манотиқи Нукус, Андиҷон, Бухоро, Тирмиз, Самарқанд, Гулистон, Алмалик, Чирчик ва Бекобод иҷро нашудааст.

Дар ин робита раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев якқатор раисони вилоятҳо ва раҳбарони баландпояро танбеҳ дод.

Ҳамин тавр Мирзиёев ба раиси Шӯрои вазирони Қароқалпакистон, Қаҳрамон Сариев, ҳокими вилояти Бухоро Уктам Баноев, ҳокими вилояти Хоразм Илгизар Собиров ва ҳокими Тошканд-Раҳмонбек Усмонов, барои назорат накардани татбиқи барномаҳои сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва ба таъхир афтонидани иҷрои нашқа танбеҳ дод.

Дар баробари ин директори ширкати "Узшахар курилиш инвест" Нарзуллоев барои иҷро накардани вазифаҳои бар ӯҳда доштааш танбеҳ гирифт.

Лентаи хабарҳо
0