13:21 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷаи Эрон муҳаммадҷавод Зариф

Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммадҷавод Зариф равобити Тоҷикистону Эронро баррасӣ кард

© Фото: Пресс-служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
13210

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва вазири умури хориҷаи Эрон дар ин мулоқот масоили муҳиме чун рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, энергетикаву нақлиёт ва кишоварзиву санъатиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Имрӯз дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммаҷавод Зарифро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ карда шуд.

"Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳим, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада, рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷорӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва санъатро мавриди баррасӣ қарор доданд", — омадааст дар иттилоъия.

Гуфта мешавад, дар ин замина ҷонибҳо аҳамияти Ҷаласаи навбатии Кумисюни муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷорӣ — иқтисодӣ ва фарҳангиро, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, махсус таъкид карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин дар масоили амнияти минтақаӣ, мубориза бо теруризму ифротгароӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақаиву ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Барчаспҳо:
мулоқот, Муҳаммадҷавод Зариф, Эмомалӣ Раҳмон, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ