01:53 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Бинои Кохи сафед дар Бишкек, Акс аз бойгонӣ.

Раисҷумҳур бонуи рӯзноманигорро сухангӯи нави худ таъйин кард

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
574 0 0

Бонуи рӯзноманигор Толгонай Стамалиева раҳбари хадамоти матбуотии Дастгоҳи раисҷумҳури Қирғизистон таъйин шудааст

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Раҳбари хадамоти матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон, бонуи рӯзноманигор Толгонай Стамалиева таъйин шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад.

"Раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар бораи таъйини Стамалиева Толгонай Турдалиевна ба вазифаи сухангӯи раисҷумҳур қарор имзо кард", — омадааст дар хабарнома.

Толгонай Стамалиева
Пресс-служба президента КР / Султан Досалиев
Толгонай Стамалиева

Раҳбари пешини хадамоти матбуотии раисҷумҳур Алмос Усенов моҳи август раҳбари Дастгоҳи раисҷумҳур таъйин шуда буд.

Толгонай Станалиева 42-сола аст ва соли 1998 Донишгоҳи давлатии миллии Қирғизистонро дар риштаи "рӯзноманигорӣ" хатм кардааст. Ӯ то ин дам раҳбарии Кумисюни Марказии Интихобот, шуъбаи байнулмилалии ширкати "Фурудгоҳи байнулмилалии "Манас" ва хадамоти матбуотии парлумонро бар уҳда дошт.

Аз моҳи апрели соли 2016 то кунун Стамалиева раҳбари хадамоти матбуотии парлумони Қирғизистон буд. Пас аз истеъфои нахуствазир Сооронбой Жээнбеков, ки барои ширкат дар интихоботи президентӣ аз вазифааш даст кашида буд, рӯзноманигор раҳбари бахши иттилоотии гурӯҳи интихоботи Жээнбеков буд.

Барчаспҳо:
сухангӯй, таъинот, Толгонай Стамалиева, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ