20:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Эмомали Рахмон выступает перед жителями Хатлонской области

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои КДАМ ва Вазорати дифоъ дар Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон

пресс служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
146320

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бархе аз масъулинро дар симатҳое дар ягонҳои Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати дифоъи ҶТ дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ мансуб кард

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Бино бар иттилоъи хадамоти матбуотии раисҷумҳурӣ, бо Фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Ҳикматулло Пиракзода — муовини аввали Фармондеҳи Нерӯҳои марзбонӣ — сардори Сарситоди Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти милии ҶТ ва Нурулло Абдуллозода —  муовини Фармондеҳи НМ КДАМ ҶТ таъйин гардиданд.

Ҳамчунин бархе аз коршиносони ҷавону корозмуда ба сардории раёсатҳои Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва бархе аз подгонҳои марзбонии НМ КДАМ ҶТ мансуб шуданд.

Афзун бар ин, бархе аз коршиносони варзида ба вазифаҳои масъул дар дастгоҳи марказии раёсатҳои КДАМ ҶТ таъйин карда шуданд.

Ҳамчунин тағйироти кадрӣ дар бархе аз ягонҳои Вазорати дифоъ дар ВМКБ, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат гирифта, роҳбарии ин ягонҳои низомиро афсароне ба уҳда гирифтаанд, ки донандаи забонҳои хориҷӣ буда ва беш аз ду омӯзишгоҳи олии низомиро дар дохил ва хориҷ аз кишвар хатм кардаанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳ Ҳусайнзода аз симати муовини вазири дифоъ озод гардид.

Мавзуъ

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон дар вазорат ва ниҳодҳо масъулинро ҷо ба ҷо кард
Тағйироти кадрӣ: Ғаффорзода сардори Раёсати кор бо занон таъин шуд
Тағйироти кадрии Эмомалӣ Раҳмон дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон чанд додрасро аз симат барканор кард
Тағйироти кадрӣ дар ҳамсоякишвар: Азизов вазири дифоъ таъин шуд
Тағйироти кадрӣ дар ҳамсоякишвар: ситораи эстрада муовини вазири фарҳанг таъин шуд
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ