20:00 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Мустафо Ҳасанзода: Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз вартаи нобудӣ раҳонид

© Фото: пресс-служба президента Таджикистана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
9410

Полковники милитсия Мустафо Ҳасанзода бар ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири халқу миллат нақши ҳалкунанда дорад. Натиҷаи иҷлосияи таърихӣ самти муросоро муайян намуда, ба майдони сиёсат омадани Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз вартаи нобудӣ раҳонид

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД, рӯзи 14 ноябр, дар маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти Суғд ба муносибати "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот ва давлатдории миллӣ" баргузор гардид.

Соли дуюм аст, ки 16 ноябр дар асоси ислоҳи Қонуни ҶТ "Дар бораи рӯзҳои ид" "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҷлил мешавад.

Дар ҳамоиши илмӣ-назариявие, ки мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд баргузор намуд, ҳайъати шахсии дастгоҳи РВКД дар вилоят, намояндагони Шӯрои созмони собиқадорони мақомот ва устодони муасисаҳои олии таълимӣ ширкат карданд.

Полковники милитсия Мустафо Ҳасанзода ҷамъомадро оғоз бахшида гуфт, ки Иҷлосияи 16 Шӯрои олӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири халқу миллат нақши ҳалкунанда гузоштаанд.

"Натиҷаи ин иҷлосияи таърихӣ самти муросоро муайян намуда, ба майдони сиёсат омадани Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз вартаи нобудӣ раҳонид", — гуфтааст Мустафо Ҳасанзода.

Дар мавзӯи "Иҷлосияи тақдирсоз ва саҳми он дар таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол" профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдулло Орипов ба ҳозирин маълумот дод. Ӯ гуфт, ки иҷлосияи мазкур роҳи наҷотро нишон дода ба миллати тоҷик Пешвои миллат офарид.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои суханшиносӣ Нуралӣ Нурзод дар мавзӯи "Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фарҳанги сулҳ ва бунёди давлатдории миллӣ" баромад намуд.

  • Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи Президент»
    Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи Президент»
    © Фото: Аз равобити умумии ВКД
  • Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи Президент»
    Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи Президент»
    © Фото: Аз равобити умумии ВКД
1 / 2
© Фото: Аз равобити умумии ВКД
Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи Президент»

Вайфаъолияти ибратомӯзи Эмомалӣ Раҳмонро дар расидан ба сулҳи тоҷикон, мустаҳкамсозии пояҳои давлатдорӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистон таъкид доштаас.

"Самараи заҳматҳои бесобиқаи чеҳраи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва болоравии иқтидорҳои иқтисодии он мебошад. Илова бар ин, саҳм гирифтан дар ҳалли проблемаҳои глобалии сайёра ва пешниҳодҳои ба нафъи башарият нигаронида шудаи Роҳбари Ҳукумати Тоҷикистон боиси сарфарозии ҳар як фарди сарзамин аст.", — гуфтааст, Нуралӣ Нурзод.

Барчаспҳо:
"Рӯзи президент", Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ