21:58 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Григорий Явлинский, Акс аз бойгонӣ

Явлинский мехоҳад раисҷумҳури Русия шавад

Пресс-служба партии "Яблоко"
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
54 0 0

Ҳизби "Яблоко" номзадии Явлинскийро ба симати раисҷумҳури Русия пешбарӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 4 дек— Sputnik. Ҳизби "Яблоко" рӯзҳои 21-22 декабр ҷаласаи пеш аз интихоботӣ баргузор мекунад. Интизор меравад, ки ин ҳизб номзадии асосгузор ва раҳбарашон-Григорий Явлинскийро ба симати раисҷумҳури Русия пешбарӣ кунад.

Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

"Ҷаласаи пеш аз интихоботии "Яблоко", ки дар рафти он асосгузор ва раҳбари ҳизби "Яблоко" Григорий Явлинский ба симати раисҷумҳурӣ пешбарӣ мешавад, рӯзҳои 21-22 декабр баргузор хоҳад шуд. Ин қарор дар кумитаи сиёсии федеролӣ қабул шуд, — гуфт Яковлев.

Ӯ илова кард, ки 21 декабр дар ҷаласа ҳизби "Яблоко" номзадро аз ҷониби ин ҳизб интихоб мекунанд ва рӯзи 22 декбар хулосаи ҷаласа эълон мешавад.

Ба гуфти Яковлев дар рӯзи нахусти ҷаласа аъзоёни ҳизб дар Маркази профсоюзи шаҳри Московский ҷамъ меоянд. Рӯзи дуюми ҷалса бошад, дар Маркази савдои байнулмилалӣ дар Маскав ба ҳам меоянд.

Явлинский солҳои 1996 ва 2000 ҳам ба симати раисҷумҳури Русия пешбарӣ шуда буд.

Барчаспҳо:
ба симати раисҷумҳурӣ, номзадӣ, ҳизби "Яблоко", Григорий Явлинский, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ