21:57 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Суд, архивное фото

Тоҷикистон ва Узбакистон хостори ҳамкорӣ миёни додгоҳҳои қонуни асосӣ шуданд

CC0 / Pixabay
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Раисҳои додгоҳҳои қонуни асосии Тоҷикистон ва Узбакистон хостори имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Маҳкам Маҳмудзода ва Бахтиёр Мирбобоев, раисҳои додгоҳҳои қонуни асосии Тоҷикистон ва Узбакистон дар дидоре дар Тошканд хостори имзо кардани Ёддошти ҳамкорӣ миёни ин ду ниҳод шуданд.

Ба гузориши равобити умумии Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон, дар ин дидор, ки дар Тошканд баргузор шуд, Маҳмудзода ва Мирбобоев аз раванди рӯ ба густариши равбоит миёни ду кишвар хушнудӣ карда ва хостори роҳандозии ҳамкорӣ миёни додгоҳҳои қонуни асосии ҶТ ва ҶУ шуданд.

Раисҳои додгоҳҳои қонуни асосии Тоҷикистон ва Узбакистон хостори имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ шуданд.

Маҳкам МСаҳмудзода бо ҳайъате аз намояндагони Додгоҳи қонуни асосии ҶТ дар нишасти байналмилалии "Нақшу аҳамияти Қонуни асосӣ дар бунёди кишвардории демокративу қонунмадор" ширкат кард.

Дар ин нишаст, ки ба муносибати 25-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии Узбакистон баргузор шуд, Маҳкам Маҳмудзода дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди кишвардории ҳуқуқбунёду демократӣ дар Тоҷикистон суханронӣ кард.

Маҳмудзода дар ҳошияи ин нишастбо раҳбарони додгоҳҳои қонуни асосии Русия, Туркия, Индонезия ва дигар кишварҳо низ дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин нишаст, ки аз 29 ноябр то 2 декабр баргузор шуд, намоян­дагони мақомоти назо­рати консти­­тут­­сионӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Арманистон, Индонезия, Қазоқистон, Қирғизистон, Куреи Ҷанубӣ, Русия, Тоҷикистон, Туркия ва Узбакистон ширкат карданд.

Мавзуъ

Узбакистон низоми раводиди ягонаи гардишгариро ҷорӣ кард
Узбакистон бо Афғонистон ҳам роҳҳои ҳавоиро боз мекунад
Кормандони қудратии Узбакистон ба Қалъаи Ҳисор рафтанд
Барчаспҳо:
Додгоҳи Қонуни асосӣ, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ