05:40 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото

Тоҷикистон аз интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас нигарон шуд

© Sputnik Игорь Лекаркин
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
38310

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бар ин аст, ки интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас Ховари Миёнаро бо мушкилоти бештари сиёсиву амниятӣ ва ташаннуҷи қавмиву динӣ дучор хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баёнияе бо нигаронӣ аз иқдоми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки интиқоли сафорати худ аз шаҳри Тел-Авив ба Байтулмуқаддас минтақаи Ховари Миёна ва атрофи онро мувоҷеҳи мушкилоти бештари сиёсиву амниятӣ ва ташаннуҷи қавмиву динӣ хоҳад кард

"Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати интиқоли намояндагии дипломатии худ аз шаҳри Телавив ба Байтулмуқаддас изҳори нигаронӣ намуда, бар он аст, ки ин амр минтақаи Ховари Миёна ва атрофи онро мувоҷеҳи мушкилоти бештари сиёсиву амниятӣ ва ташаннуҷи қавмиву динӣ хоҳад кард", — гуфта мешавад дар изҳороти ВУХ ҶТ.

Дар ин баёния ёдоварӣ шуда, ки ВУХ ҶТ бар пояи қатъномаи шумораи 181 Маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид таъкид мекунад, ки Байтулмуқаддас шаҳри ҳама динҳо шумурда шуда, мунҳасир кардани он ба як қавм ё дин бо қонунҳои байналмилалӣ созгор нест. Ин иқдом ба талошҳои чандинсолаи кишварҳо барои эҷоди сулҳ миёни Фаластину Исроил латмаи ҷиддӣ ворид менамояд.

Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон умедворӣ карда, ки ҳама ҷонибҳои манфиатдор аз амалҳое, ки раванди истиқрори сулҳу суботи минтақаро халалдор менамоянд, худдорӣ карда, ба ҳаллу фасли созандаву одилонаи ҳамаи ҷанбаҳои қазияи Фаластину Исроил дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард.

Мавзуъ

Вазорати умури хориҷии Русия: ҳамчунон Қудси Шарқиро пойтахти Фаластин медонем
Ҳазорон мусулмон ба нишони эътироз дар Ҳарами шарифи Қудс намоз нахонданд
Барчаспҳо:
Уршалим, Байтулмуқаддас, Қудс, ВУХ ҶТ, Байтулмуқаддас, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ