12:54 16 январи 2018
Пахши мустақим
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сафар кард

© Фото: пресс-служба президента Таджикистана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Эмомалӣ Раҳмон дар Урдун (8)
20610

Дар ин сафар кишвардори Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, молия, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сафар кард, гузориш медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар кишвардори Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, молия, кишоварзӣ, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Мавзуҳо:
Эмомалӣ Раҳмон дар Урдун (8)
Барчаспҳо:
сафари корӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Урдун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ