12:54 16 январи 2018
Пахши мустақим
Президент РТ Эмомали Рахмон и председатель Сената Иордании Файсал ал-Фаиз

Раҳмон дар Урдун: дидор бо раиси Маҷлиси аъёни Подшоҳии Ҳошимӣ Файсал ал-Фоиз

© Flickr/ Пресс-служба Президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Эмомалӣ Раҳмон дар Урдун (8)
28 0 0

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сафари расмӣ ба Подшоҳии Ҳошимии Урдун имрӯз бо раиси Маҷлиси аъёни Урдун Файсал ал-Фоиз дидор кард

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Файсал ал-Фоиз дар ин дидор вазъ ва дурнамои равобит миёни маҷлисҳои қонунгузори Тоҷикистон ва Урдунро баррасӣ карда, нақши онҳо дар густариш ва таҳкими равобити дӯстона миёни ду кишварро арзишманд хонданд.

Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, раҳбари Тоҷикистон дар ин дидор гуфт, ки Душанбе таҳкими ҳамкорӣ бо Урдун ва дигар кишварҳои арабиро бисёр муҳим мешуморад ва равобити гуногунҷанба бо ин кишварҳо аз самтҳои муҳими сиёсати минтақаӣ ва байналмилалии Тоҷикистон аст.

Ду ҷониб дар ин дидор хостори густариши равобити байналмаҷлисӣ шуда, бар аҳамияти рушду тавсеаи ин равобит барои омодасозии заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, аз ҷумла дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таъкид карданд.

Раҳмон ва ал-Фоиз бар таъмини суботу амният ва ҳамкории созанда дар минтақа, бавижа ҳалли ҳарчӣ зудтари қазияи кишварҳои мусулмонӣ таъкид кардаанд.

"Мо бояд бо иродаи муштарак кишварҳои худ ва ҷаҳони исломро аз хатари падидаҳои номатлуб эмин дорем ва роҳ надиҳем, ки номи поки дини ислом доғдор гардад", — таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин мулоқот ҳамчунин пешниҳод шуд ниҳодҳое барои таъмини равобити густурда ва судманд миёни маҷлисҳои қонунгузори Тоҷикистон ва Урдун таъсис дода шаванд.

Мавзуҳо:
Эмомалӣ Раҳмон дар Урдун (8)

Мавзуъ

Раҳмон дар Аммон: Тоҷикистон ва Урдун 11 санади ҳамкорӣ имзо карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ ибни Ҳусейн равобити Тоҷикистону Урдунро густариш медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сафар кард
Барчаспҳо:
равобити байналмаҷлисӣ, Маҷлиси аъёни Урдун, Файсал ал-Фоиз, Эмомалӣ Раҳмон, Урдун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ