07:41 21 январи 2018
Пахши мустақим
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон бархе аз масъулини баландпояро ҷобаҷо кард

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (32)
213300

Имрӯз чанде аз масъулин бо қарорҳои раисҷумҳури Тоҷикистон аз симаташон барканор ва ба вазифаи дигар таъин шуданд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар  чанде аз ниҳодҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард. Дар ин бора дар дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистонро мунташир кардааст.

Ҳамин тавр, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси ноҳияи Варзоб  Савзаали Назирзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мақомаш барканор шуда, ба ҷойи вай, Шерализода Муҳамадулло Умар таъин гардидааст.

Афзун бар ин, бо қарори раиси Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Олимзода Миралӣ Назрӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи вай Пирназарзода Диловар Маҳмадназар муовини якуми Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. "

Бо як қарори дигари Эмомалӣ раҳмон, Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Давлатзода Қудрат Қамбар бо далели ба кори дигар гузаштанаш,  барканор шуда, Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин шудааст.

Ҳамин тавр бо қарори раиси Ҳукумат, Абдуллозода Шамсулло Файзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шуд ва ба ҷойи вай Мирализода Рустам Азиз таъин гардид.

Ёдрас мешавем, поёнҳои моҳи ноябр Эмомалӣ Раҳмон дар рафти маҷлиси ҳукуматӣ воридоти маҳсулоти хурокаи пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ карда, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Ибодулло Кариро аз мақомаш барканор карда буд.

Имрӯз бо қарори раиси Ҳукумат, ба ҷойи вай Давлатзода Қудрат Қамбар таъин гардид.

Ҳамчунин бо чанд амри раисҷумҳур, масъулини Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон барканор шуданд.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (32)
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ