07:34 21 январи 2018
Пахши мустақим
Посол Таджикистана в Кыргызстане Олимзода и первый заместитель главы МИД КР Кемелова

Тоҷикистон бо Қирғизистон ҳам равобиташро беҳбуд мебахшад

сайт МИД Таджикистана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
96 0 0

Сафири Тоҷикистон дар Бишкек бо муовини якуми вазири умури хориҷии Қирғизистон дурнамои равобити сиёсии ду кишварро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии ҶТ, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Суҳроб Олимзода бо муовини якуми вазири умури хориҷии ҶҚ Динара Кемелова дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар ва роҳҳои густариши равобит миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ шуданд.

Олимзода ва Кемелова ҳамчунин масоили баргузории барномаҳо ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Дар дидори сафири тоҷик бо сиёсатмадори қирғиз ҳамчунин масоили марзбандӣ миёни ду кишвар ва омодасозии қонуну созишномаҳо низ баррасӣ шуданд.

Суҳроб Олимзода ва Динара Кемелова ҳамчунин барномаҳои сафарҳои масъулини баландпояи ду кишварро низ ҳамоҳанг карданд.

Мавзуъ

Вакил: сафорати Қирғизистон аз Душанбе ба Хуҷанд кӯчонида шавад
Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон 700 килограм василаи тарканда кашфу забт шуд
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон посгоҳи нави Хадамоти гумрук ифтитоҳ ёфт
Дӯстии ҷовидона: Узбакистон чаҳор осоишгоҳи Қирғизистонро аз худ кард
Барчаспҳо:
ВУХ ҶТ, Динара Кемелова, Суҳроб Олимзода, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ