Эмомалӣ Раҳмон ба Чин меравад

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПредседатель КНР Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Председатель КНР Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар иттилои равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, сафари раисҷумҳур ба шаҳри Чиндао дар моҳи июни соли 2018 ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, раисҷумҳури  Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи июни соли равон ба Ҷумҳурии Халқи Чин сафар хоҳад кард.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода дар нишасти матбуотии Сафорати Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, ки сафари раисҷумҳур ба Чин дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой дар моҳи июни соли равон сурат мегирад.

"Сафир изҳори боварӣ кард, ки тамоюли тавсеъаи муносибатҳои созанда дар соли ҷорӣ боқӣ хоҳад монд. Ҳамин тавр моҳи июни соли 2018 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки дар шаҳри Чиндао баргузор мегардад, ба Чин ташриф хоҳад бурд", — омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин тирамоҳи соли 2018 бо ширкати нахуствазири Шурои давлатии Чин Ли Кэтсян дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0