22:20 24 июни 2017
Пахши мустақим
Табибон ҳангоми анҷом додани ҷарроҳӣ. Акс аз бойгонӣ

Аввалин ҷарроҳии пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон

© Sputnik
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
75 0 0

Ҷароҳии пайванди мағзи устухон якбора барои се бемор гузаронида мешавад. Дар умум дар рӯйхати хоҳишмандон аллакай ҳашт нафар номнавис шудаанд, гуфт директори марказ Саидмаҳмуд Ислоилзода.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ҷарроҳии аввалини пайванди мағзи устухон дар таърихи тибби тоҷик расо баъди ду моҳ дар Маркази илмии пайвандкунии аъзоҳои бадан гузаронида мешавад. То ин дам марказ танҳо амалиёти ҷарроҳии пайванди гурда в ҷигарро анҷом медод.

Ба гуфти директори марказ Саидмаҳмуд Исмоилзода ҷарроҳии аввалин якбора барои се бемор гузаронида мешавад. Дар умум дар рӯйхати хоҳишмандон ҳашт нафар дар навбат истодаанд.

"Арзиши ин гуна ҷарроҳии душвор дар ҷумҳурии мо аз $30 ҳазор боло нахоҳад буд  дар ҳоле, ки дар хориҷа нархи чунин ҷарроҳӣ се мартиба баландтар арзиш дорад",-қайд кард Исмоилзода.

Ба қавли ӯ ҷарроҳии авввалини пайванди мағзи устухон аз ҷониби даҳ мутахассиси ботаҷрибаи марказ, ки дар Эрон ва Русия омӯзиш гирифтаанд, гузаронида мешавад.

"Таи солҳои охир маркази мо исбот кард, ки табибони мо аз ӯҳдаи амалиётҳои мушкилтарини ҷарроҳӣ баромада метавонанд Ҳамин тавр танҳо аз шумораи шаҳрвандони хориҷӣ ба мо 25 нафар зодагони Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Русия ва Ливия барои ҷарроҳии пайванди гурда ва ҷигар муроҷиат намудаанд. Шумораи аз ҳама зиёди шаҳрвандони хориҷӣ-16 нафар аз Қирғизистон мебошанд. Шумораи шаҳрвадони Тоҷикистон бошад барои пайванди гурда ва ҷигар аз 230 нафар зиёдтар аст",-гуфт директори маркази табобатӣ Саидмаҳмуд Исмоилзода.

Шаҳрвандони хориҷиро арзиши ками ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон ҷалб мекунад. Ҳамин тавр ҷарроҳии пайванди гурда ва ҷигар дар марказ 48 ҳазор сомонӣ (тақрибан $6 ҳазор) нарх дорад дар ҳоле, ки чунин ҷарроҳӣ дар мамолики хориҷ аз $70 ҳазор зиёдтар аст.

Маркази миллии илмӣ оид ба ҷароҳии пайванди аъзоҳои бадан аз соли 2011 инҷониб фаъолият дорад. Дар давоми панҷ соли охир дар марказ дар баробари амалиётҳои ҷарроҳии гурда ва ҷигар ҳамчунин 12 амалиёти ҷарроҳӣ бо мақсади барканории бемории қанди навъи 2-юм гузаронида шудааст.

Барчаспҳо:
аввалин ҷарроҳии пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон, Саидмаҳмуд Исмоилзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ