13:46 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Об. Акс аз бойгонӣ

Олимон: нӯшидани ҳашт пиёла об дар як рӯз, метавонад инсонро ба марг дучор кунад

© Sputnik / Максим Богодвид
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
19202

Нӯшидани об аз ҳад зиёд ба саломатии инсон зарар дошта метавонад боиси заҳролудшавӣ гардад. Танҳо ҳангоми ташнагӣ бояд об нӯшид.

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Духтурон, олимон ва наздиконамон моро ҳушдор месозанд, ки дар як рӯз бояд ҳашт пиёла об нӯшид. Вале аксари олимон бо ин далел розӣ нестанд.

Олимон қайд менамоянд, ки нӯшидани оби аз ҳад зиёд бидуни ташнагӣ, яъне бар асоси тавсияи дӯстон ё духтурон метавонад касро ба марг дучор кунад.

Мувофиқи таҳқиқоти охирини олимон нӯшидани аз ҳад зиёди об кори мағзи сари инсонро суст карда, инсонро ба заҳролудшавӣ дучор менамояд.

Коршиносон ҳушдор менамоянд, ки дар пайи истифодаи зиёди об  шахс метавонад ба бемории "гипонатриемия"-вайрон шудани гардиши электролитӣ, яъне кам шудани сатҳи натрий дар хун дучор шавад.

Ҳамаи ин метавонад ба камҳаракатӣ, дилбеҳазурӣ, ларза ва беҳушшавӣ оварда расонад. Дар ҳолати охирин бошад ин метавонад боиси марги нобаҳангом гардад.

Табиб Майкл Фаррел аз Донишгоҳи Монашаи Мелбурн мегӯяд, ки истифодаи об ҳангоми ташнагӣ ва зимни эҳтиёҷот боке надорад, вале ҳангоми маҷбур кардани организм метавонад ба саломатӣ хатари ҷиддӣ дошта бошад.

Ба қавли ӯ агар сатҳи об дар бадани инсон зиёд шавад, он метавонад ба дигар ҳуҷайраҳои бадан, масалан ба мағзи сар роҳ ёфта, кори онро суст гардонад.

Мавзуъ

Олимон: диетологҳо тарғибгарони ҳаёти носолим
Олимон: сиёсатмадорони қадбаланд бештар муваффақ мешаванд
Барчаспҳо:
зарар, нӯшидани об, Донишгоҳи Монаша, Майкл Фаррел

Мавзӯъҳои асосӣ