19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Таҷҳизоти муосири рентгенкунӣ дар намоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Сирри давлатии Русия дар озмоишгоҳи махсус нигоҳ дошта мешавад

© Sputnik / Евгений Биятов
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0

Озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосири идоракунӣ ва назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Таҷҳизот зангҳои шубҳанок ва таҳдидҳои иттилоотиро бо ёрии амлаиёти махсус муайян менамояд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ширкати умумирусиягӣ озмоишгоҳи мухсусро барои омода намудани таҷҳизоти вижа, ки барои  нигоҳдории сирри давлатӣ  пешбинӣ шудааст, такшил кард.

Озмоишгоҳ дар заминаи  Донишкадаи тадқиқотии алоқа ва идора таъсис дода шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

"Ширкати таҷҳизотсозӣ барои мақомотҳои давлатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ озмоишгоҳи махсусро ҷиҳати муайян кардани таҳдидҳои иттилоотӣ омода намудааст. Таҷҳизот метавонад зангҳои шубҳанокро бо ёрии амалиёти махсус муайян намояд",-омадааст дар иттилоия.

Қайд мегардад, ки озмоишгоҳ барои омода намудани таҷҳизот ҷиҳати кор бо маълумот, пешбинӣ шудааст.

"Дар ҳоли ҳозир озмоишгоҳ ба кори худ шурӯъ карда, якчанд лоиҳаро бар дӯш дорад. Яке аз чунин лоиҳаҳо дар доираи фармоиши давлатӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Русия пешниҳод  шудааст",-қайд шуд дар озмоишгоҳ.

Озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосири идоракунӣ ва назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Таҷҳизот имконият медиҳад, ки бо ёрии рентген ҳар як қисми таҷҳизот барои муайян кардани афканишоти радиасионӣ истифода шавад.

Мавзуъ

Кашфи Азамат: “шамолдиҳак” дар дохили крассовкаҳо
Барчаспҳо:
муайянкунии таҳдиди иттилоотӣ, таҷҳизоти махсус, ширкати русӣ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ