22:53 17 январи 2018
Пахши мустақим
Барномаи телдефонии WhatsApp. Акс аз бойгонӣ

Соли 2017 бе WhatsApp: миллион смартфонҳо аз WhatsApp маҳрум мешаванд

© AFP 2018/ STAN HONDA
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
34421

Дар охирҳои моҳи декабри соли равон WhatsApp барои телефонҳои Android 2.1 ва 2.2, Windows Phone 7 ва ҳамчунин IPhone 3GS/IOS 6 дастнорас мешавад

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Барномаи машҳури телефонии WhatsApp дар ояндаи наздик дар миллион телефонҳои дорои барномаи оператсионии кӯҳна аз фаъолият боз мемонад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба нашриёти The Daily Mail.

Мувофиқи маълумот дар охирҳои моҳи декабри соли равон барномаи WhatsApp барои телефонҳои Android 2.1 ва 2.2, Windows Phone 7, ҳамчунин IPhone 3GS/IOS 6 дастнорас хоҳад шуд.

Зиёда аз ин моҳи июни соли оянда ба ин рӯйхат телефонҳои тамғаи BlackBerry, Nokia, Nokia Symbian S40  ва S60 низ дохил карда мешаванд.

Роҳбарияти барномаи WhatsApp чунин қарорро бо зиёд шудани барномаҳои нав ва аз ӯҳдаи онҳо набаромадани телефонҳои кӯҳна вобаста медонад. Бо мақсади бартараф намудани нофаҳмиҳо, роҳбарияти ширкати WhatsApp ба муштариён тавсия медиҳад, то аз истифодаи телефонҳои кӯҳна худдорӣ намуда, тамғаҳои муосири онҳоро харидорӣ намоянд.

Барномасозони хизматрасонии машҳури WhatsApp ба хотири зиёд намудани шумораи муштариён ҳар моҳ ба барнома навгониҳои дигар ворид месозанд. Ҳамин тавр миёнаҳои моҳи ноябри соли равон дар WhatsApp хизматрасонии алоқаи видеоӣ  (чун Skype) пайдо шуд.

Барчаспҳо:
телефонҳои мобилӣ, дастнорас шудани барнома, WhatsApp

Мавзӯъҳои асосӣ