05:40 27 майи 2017
Пахши мустақим
Равғани растанӣ. Акс аз бойгонӣ

Ихтирои олимони узбек: тарзи нави тоза кардани равғани пахта

© Sputnik / Виталий Аньков
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
5010

Олимони донишкадаи кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбакистон усули арзони тоза кардани равғани растаниро ихтироъ карданд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Кормандони донишкадаи кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳуриии Узбакистон усули нисбатан арзонтари тарзи тоза намудани равғани расатниро дарёфтанд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон бо такя ба Агентии моликияти зеҳнии Узбакистон.

Вазифаи асосии ихтироъот, пайдо намудани тарзи нави тоза кардани равғани пахта бо иваз кардани тарзи анъанавии тозакунӣ ба нисбатан амалиёти арзонтар бо истифода аз гидрооксиди калсий (Са(ОН)2) мебошад.

Муаллифони ихтироот Салиханова Д.С., Азамхоҷаев А.А., Гумаров Р.Х., Тулобоева С. У., Азамхоҷаев Ш. А., Эшматов И. Д., барои дарёфти илмии худ таҳти рақами № IAP 05310 патент гирифтанд.

Агентии моликияти зеҳнии Узбакистон шурӯъ аз соли 1991-ум инҷониб аъзои ташкилоти ҷаҳонии интеллектуалӣ мебошад.  Ба ин ташкилот 180 кишвари дунё аъзо ҳаст. Президенти Ҷумҳурии Узбакистон 24 майи соли 2011 дар бораи таъсиси оҷонсӣ қарор қабул кард.

Мавзуъ

Барои лоиҳаҳои олимони тоҷик $17 млн ҷудо шудааст
Аввалин ҷароҳии пайванди сари инсон дар Олмон гузаронида мешавад
Аввалин ҷарроҳии пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон
Барчаспҳо:
(Са(ОН)2), тарзи нави тоза кардани равған, ихтироот, Агентии зеҳнии Узбакистон, Азамхоҷаев А.А, Салиханова Д.С, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ