22:55 17 январи 2018
Пахши мустақим
Парчами Куреи Ҷанубӣ. Акс аз бойгонӣ

Ҷоизаи бузург: навовариҳои бонувони тоҷик дар Сеул беҳтарин дониста шуданд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
9231

Бонувони тоҷик дар миёни панҷсад зани навовар аз саросари ҷаҳон аз беҳтарин ихтироъкорон шинохта шуданд

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Чаҳор бонуи тоҷик ҷоизаҳои Ҳамоиши ҷаҳонии навоваронро ба даст оварданд.

Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон, Даҳумин ҳамоиши навоварони ҷаҳон аз 8 то 13 июн дар Сеул — пойтахти Куреи Ҷанубӣ баргузор шуд.

Бонувони навовари тоҷик дар ин ҳамоиш шаш дастовардашонро намоиш дода ва барои ихтироъоташон чаҳор медол, аз ҷулма як нишони тилло, дуто нуқра ва якто биринҷӣ, ба даст овардаанд.

Чунончи, Тоҷиниссо Зубайдова барои падид овардани маводи глукозкоҳандаи "Ферубет" ва чойи оромбахши "Денисенко" медоли тилло ба даст оварда ва Робия Раҳимова барои ихтироъи доруи кирмкуши "Албсинкат" соҳиби медали нуқра шудааст.

Палав. Акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Дмитрий Коробейников

Ҳамчунин Саврибегим Ёрмамадова барои ихтироъи доруи занбурӯғзудои "Дибасинкат" медоли биринҷӣ ва Гуландом Каримзода Гуландом барои кашфи "Равиши барқарорсозии зардпайҳо дар паи осеб дидани торҳои асаби оранҷ" ва "Равиши дармони контрактураи Фолкман бо ҷарроҳӣ" соҳиби медали нуқра ва сазовори Ҷоизаи бузурги Озмун шудааст.

Ин соли шашум аст, ки ихтироъи бонувони тоҷик дар намоишгоҳу ҳамоиши занҳои навовари ҷаҳон дар Сеул арзёбӣ мешавад.

Дар ин намоишгоҳу ҳамоиш 500 бонуи навовар аз 30 кишвар ихтироъоти худро ба намоиш гузоштанд.

Мавзуъ

Донишҷӯёни тоҷик велоэлектрогенератор ихтироъ карданд
Наврӯз Сафаралӣ беҳтарини физики Кӯлоб дониста шуд
Барчаспҳо:
ихтироъоти бонувони тоҷик, Куреи Ҷанубӣ

Мавзӯъҳои асосӣ