10:58 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Сояи ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ

Пас аз ҳашт сол ҳавопаймо бе халабон парвоз хоҳад кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Илм ва фанноварӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
230 0 0

Бино ба пешгӯии коршиносон пас аз ҳашт сол ҳавопаймоҳо бидуни халабон парвоз хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 13 авг-Sputnik.  Соли 2025 ҳавопаймоҳои мусофирбар бе халабон парвоз хоҳанд кард.

Тибқи пешгӯии коршиносон амалиёти парвози бе халабон дар муддати ҳашт сол пурра омода хоҳад шуд.

Солҳои оянда ҳавопаймо аз истгоҳ парвоз хоҳад кард ва ниёзе ба халабонон нахоҳад монд. Ин амалиёт даст медиҳад то 35 млрд дулор аз музди халабонон дар як сол захира шавад.

Интизор меравад, ки нархи парвозҳо ба маротиб арзон хоҳад шуд.

Ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, вазифаи аслиро аллакай автопилот иҷро мекунад. Ва пас аз чанде ниёзе ба идораи халабон боқӣ нахоҳад монд. Ҳавопаймо худ парвоз кардаву мустақилона фуруд хоҳад омад.

Вале бархе аз коршиносон бар инанд, ки мусофирон ба чунин навъи ҳавопаймоҳо итминон нахоҳанд дошт.

Мавзуъ

Олимон: нӯшидани ҳашт пиёла об дар як рӯз, метавонад инсонро ба марг дучор кунад
Олимон: диетологҳо тарғибгарони ҳаёти носолим
Олимон зарари солонаи камҳаракатии одамонро ҳисоб кардаанд
Олимон: қади шаҳрвандони Тоҷикистон ҳар даҳсола 1 см-рӣ баланд шудааст
Барчаспҳо:
ҳавопаймои бесарнишин, ихтироъ, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ